Spaceports in Dyurmentyube

Байконур

5.1/10

Космодро́ми Байкону́р (аз қазоқӣ. Байқоңыр – «замини серҳосил» ва баъзе «беканор»-и форсӣ низ гуфтаанд) — нахустин ва бузургтарин космодроми ҷаҳон. Дар ҳудуди Қазоқистон, дар наздикии шаҳраки Тюрат, воқеъ гардидааст. Масоҳаташ 6717 км²  буда, онро дар ҷануб аз шарқ ба ғарб дарёи Сир убур мекунад.

Сохтмон

Сохтмони Байконур 12 фев. 1955 чун санҷишгоҳи мушакҳои баллистикии байниқитъавӣ оғоз гардида буд. Санаи расмии ташкилёбии Байконур – 2 июни 1955 буда, аз соли 1957 чун космодром истифода мешуд. Солҳои  1970–80 Байконур яке аз бузургтарин космодромҳои ИҶШС буд. Дар космодроми Байконур 9 маҷмӯи стартӣ, 15 таҷҳизоти партоби мушакҳои баранда, 4 таҷҳизоти санҷиши мушакҳои баллистикии байниқитъавӣ, 11 бинои васлкунию санҷишӣ бо 34 маҷмӯи техникии омодасозии мушакҳои баранда, 3 пойгоҳи сӯзишвории мушак ва гази фишурда, маҷмӯи андозакунанда бо маркази иттилоотию ҳисоббарорӣ барои назорат ва идораи парвози мушаки баллистикии баранда ва коркарди иттилооти-телеметрӣ, з-ди оксигену нитрогенбарорӣ, маркази барқдиҳии иқтидораш 60 МВт, энергопоезди иқтидораш 72 МВт, 600 зеристгоҳи трансформаторӣ, 92 нуктаи алоқа, ду аэродром: ва 470 км р. о., 1281 км роҳи автомобилгард, 6610 км хатти интиқоли нерӯи  барқ, 2784 км хатти алоқа мавҷуданд.

Баъди пош хӯрдани ИҶШС (1991) Байконур моли Қазоқистон шуда, бисёр мутахассисон дар натиҷаи бекор мондан ба ватанашон (Россия ва Украина) баргаштанд. Ҳоло Байконур ба Россия  то соли 2050 иҷора дода шудааст.

Парвозҳо

Аз космодроми Байконур нахустин парвози радифи маснӯи Замин, нахустин парвози инсон, парвози киштиҳои идорашавандаи кайҳонии «Восток», «Восход», «Союз», пойгоҳҳои мадории «Салют», «Мир», системаи истифодаи чандкаратаи «Энергия»–«Буран», дастгоҳҳои кайҳонии байнисайёравӣ, радифҳои маснӯи Замин ва кайҳон амалӣ карда шуданд. Аз Байконур зиёда аз нисфи парвозҳои кайҳонии дунё ба амал омаданд. 12 апрели 1961 аз Байконур аппарати кайҳонии «Восток -1» сар дода шуд, ки Ю. А. Гагаринро ба мадори наздизаминӣ баровард. Дастгоҳи мазкур дар муддати 1 соату 48 дақ. гирди Заминро як бор давр зада, дар вил. Саратов ба Замин нишаст. Нахустин зани кайҳоннавард – В. И. Терешкова низ аз ҳамин космодром ба кайҳон парвоз кард. Ҳамагӣ аз космодроми Байконур дар ин муддат зиёда аз 1500 аппарати кайҳонии таъйиноташон гуногун ва зиёда аз 100 мушаки баллистикии байниқитъавӣ, 38 навъи асосии мушакҳо, зиёда аз 80 навъ дастгоҳҳои кайҳонӣ ба коинот сар дода шуданд. Байконур бо орденҳои «Ситораи Сурх» (1960), Ленин (1965), Инқилоби Октябр сарфароз гардидааст.

Categories:
Post a comment
Tips & Hints
Arrange By:
Denys Tkalich
12 April 2011
Не забудьте пристегнуть ремни!
Borisenkoff
12 April 2011
Сегодня все тусят здесь! =)
Load more comments
foursquare.com
Location
Map
Address

Get directions
References

Байконур / Baikonur on Foursquare

Байконур on Facebook

Hotels nearby

See all hotels See all
Kainar Hotel

starting $73

Rixos Khadisha Shymkent Hotel

starting $116

180 degree frontline sea view room

starting $236

Hotel Asia Khiva

starting $70

Promenade Park Hotel

starting $31

Orient Star Khiva Hotel

starting $60

Recommended sights nearby

See all See all
Add to wishlist
I've been here
Visited
Space museum (Baikonur)
Қазоқистон

Space museum (Baikonur) ҷалби сайёҳӣ дар аст, Dyurmentyube , Қ

Similar tourist attractions

See all See all
Add to wishlist
I've been here
Visited
Vehicle Assembly Building
United States

Vehicle Assembly Building ҷалби сайёҳӣ дар аст, Merritt Island ,

Add to wishlist
I've been here
Visited
Gorodomlya Island
Russia

Gorodomlya Island ҷалби сайёҳӣ дар аст, Solnechnyy , Russia

Add to wishlist
I've been here
Visited
Esrange
Шветсия

Esrange ҷалби сайёҳӣ дар аст, Esrange , Шветсия

Add to wishlist
I've been here
Visited
Пойгоҳ нерӯ ҳаво ван‌дан‌барг
United States

пойгоҳ нерӯ ҳавоӣ ван‌дан‌барг (англисӣ: ) (маҳаллӣ: )

Add to wishlist
I've been here
Visited
Edwards Air Force Base
United States

Edwards Air Force Base ҷалби сайёҳӣ дар аст, Muroc (historical) , U

See all similar places