Бобил

Бобил (мехӣ: ????????????????, нависагардонӣ: аккад. KÁ.DINGIR.RAKI, шум. Bābili ё Babilim «Дарвозаи Худоҳо»; юн.-қад. Βαβυλών) — шаҳри бостонӣ дар шимоли Байнаннаҳрайн.

Таърих

Бобил пойтахти Бобилистон буд. Он дар қисми марказии Байннаҳрайн, дар наздикии д. Фурот, ки ҳоло ал-Ҳиллаи Ироқ аст, ҷойгир буд. Нахустин ишорат дар бораи ш. Бобил ҳамчун Кадингир ба забони шумерӣ дар а-ҳои 24–22 то м., дар замони подшоҳии Шаркалишарри буд. Шоҳ дар ин макон ибодатгоҳ сохт. Аммо тибқи иттилои дигар Бобил дар замони Саргони Агода вуҷуд дошт. Шаҳри Кадингир гӯё дар а. 23 то м., ҳамчун мустаъмираи Эриду асос гузошта шудааст. Худои Кадингир Амар-уту(к) (Мардук)-ро писари Энки мегуфтанд. Аз ин рӯ Бобил маркази густариши устураҳои Эриду буд. Пас аз замоне, ки Эриду аз рӯйи замин ғоиб шуд, шабоҳатҳои вай боқӣ монд. Ба ҳамин сабаб «Эриду» гоҳе чун «Бобил» тарҷума мешавад. Бобил дар замони сулолаи I Бобилиён (дар а. 19 то м.) ва дар даврони Хаммурапи (нимаи авв. а. 18 то м.) яке аз бузургтарин марказҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва динии Байнанаҳрайн буд ва ба Осиёи Пеш таъсири зиёд дошт. Соли 1595 то м. тавассути хетҳо вайрону валангор гардид. Баъд (дар а-ҳои 16–12 то м.) ба дасти ҳукуматдорони коситҳо гузашт. Дар а-ҳои 12–8 то м. Бобил ба майдони муборизаи ошуриҳо, иломиҳо ва қабоили халдейҳо табдил ёфт. Солҳои 732–626 то м. тобеи давлати Ошур буд, вале мардуми он барои истиқлоли худ пайваста мубориза мебурданд. Дар натиҷа с. 689 то м. Синахериб ва с. 648 то м. Ошурбанипал Бобилро барои исёни мардум ба харобазор табдил дод. Дар солҳои 626–538 то м. Бобил истиқлол ба даст овард ва шаҳри шукуфони шоҳони нави Бобил гардид. Дар нимаи авв. а. 6 то м. Бобил аз ҷониби Навуходоносори II эҳё гардид, дорои биноҳо, ибодатгоҳҳо, боғҳо, роҳҳои мақбул шуд. Осори сохтмонии муҳимми ин давр дарвозаи Иштар, роҳи баргузории намоишҳо ва ойинҳо, ибодатгоҳи Мардук, «Бурҷи Бобил», боғҳои муаллақ ва ғ. мебошанд. Соли 539 то м. Бобилро шоҳи Ҳахоманишиён Куруши II зери тасарруфи худ даровард ва он ба яке аз қароргоҳҳои ӯ табдил ёфт. Соли 331 то м. Бобилро Искандари Мақдунӣ ишғол кард ва онро пойтахти империяи ҷаҳонии худ интихоб намуд. Искандар дар Бобил вафот кард. Соли 312 то м. яке аз сарлашкарони Искандар бо номи Селевк, ки давлати Селевкиёнро ташкил карда буд, Бобилро ишғол намуда, бештари аҳолии онро ба пойтахти нав бо номи Селевк, ки худ асос гузошта буд, кӯчонд. Дар а. 2 то м. ба ҷойи ш. Бобил харобазор боқӣ монд. Дар манобеи таърихии бостонӣ Бобил ҳамчун шаҳри бузургу зебо ёдовар шудааст. Таърихнигорон ва маъхазҳои қадим Бобилро ҳамчун яке аз марказҳои тамаддуни башарӣ ёдовар шудаанд. Ба гуфти Ҳеродот Бобил дорои шакли чоркунҷа буда, қалъаҳо, бурҷҳо ва 8 дарвоза доштааст. Аз дарвозаи Фурот Бобил ба ду бахш, бо рӯди об ҷудо мешудааст. Роҳ аз дарвозаи Иштар ба сӯи ибодатгоҳи Эсагила сангфарш буд. Дар шим. Бобил қасри боҳашамати Навуходоносори II, дар қисмати шарқӣ театри юнонӣ дар а. 4 то м. мавҷуд будаст. Атрофи Бобил бо об иҳота шуда, пасон бо девор мунҳасир буд. Дар Бобил бостоншиносони олмонӣ бо сарварии Р. Колде дар солҳои 1899−1917 ҳафриёт анҷом додааст. Соли 1976 дар ҷойи Бобил дар Ироқ осорхона ва маркази таърихӣ таъсис дода шуд. Дар бораи Бобил осори бостоншиносӣ, таърихӣ, адабии зиёд таълиф шудаст, ки дар онҳо Бобил ҳамчун яке аз шаҳрҳои асосии тамаддуни башарии аҳди бостон ва маҳалли задухӯрди аввалин империяҳои ҷаҳонӣ инъикос ёфтааст. Дар остони Мозандарони Эрон низ бо номи Бобил шаҳристон ва рӯд мавҷуд аст.

Адабиёт

  • Геродот. История. Книга первая. Клио // История античности. Т.1. М., 1989;
  • Белявский В. А. Вавилон исторический и Вавилон легендарный. М., 1971;
  • Гече Г. Библейские истории. М., 1988;
  • Кленгель-Брандт Э. Древний Вавилон / пер. с нем. М., 2002;
  • Васильев Л. С. История Востока. Т.1. М., 1994. История Востока. Т. 1. Восток в древности. М., 2000. .
Дар категорияҳои зерин номбар карда шудааст:
Назари худро бинависед
Маслиҳатҳо ва маслиҳатҳо
Max Alaskari
10 November 2014
Babylon (/ˈbæbələn, -ˌlɒn Akkadian: Bābili(m)Sumerian logogram: KÁ.DINGIR.RAKI Hebrew: בָּבֶל, Bavel Ancient Greek: Βαβυλών Babylṓn; Old Persian: ???????????????????????? Bābiru; Arabic: بابل‎, Bābil)
Rabia Abay
20 June 2017
Very nice pure people, amazing history, good places..
يحيى الياسري
8 February 2017
من اقدم واعظم المعالم الاثرية في بلاد مابين النهرين ..
Mesut Güldoğan
26 November 2013
Dünyanın sekizinci harikası Babil bahçeleri burda
الغروب الأخير
5 September 2013
صباح الورود
Wabel tubal

сар кардан $67

Sigma House Al Jawhara

сар кардан $80

Copthorne Al Jahra Hotel & Resort

сар кардан $154

Sigma House - Al Dahiya

сар кардан $53

Raoum Inn Arar

сар кардан $48

Marina arar

сар кардан $42

Манзараҳои тавсияшаванда дар наздикии он

Ҳамаашро бинед Ҳамаашро бинед
Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Etemenanki

Etemenanki (Sumerian: Шаблон:Cuneiform Шаблон:Transl 'temple of

Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Ishtar Gate

The Ishtar Gate (Assyrian: ܕܵܪܘܲܐܙܲܐ ܕܥܵܐܫܬܲܪ translit: Darwaz

Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Боғҳои муаллақи Бобил

Боғҳои муаллақи Бобил — тамошогоҳ, ҷойи истироҳат ва боғи сердолу

Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Borsippa

Borsippa (modern Birs Nimrud site, Iraq) was an important ancient city

Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Imam Husayn Shrine

The Shrine of Husayn ibn ‘Alī (Arabic: مقام الامام الحسين‎) is

Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Great Mosque of Kufa

The Great Mosque of Kufa, or Masjid al-Kūfa (Arabic: مسجد الكو

Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Imam Ali Mosque

The Imām ‘Alī Holy Shrine (العربية. حرم الإمام علي), also known as

Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Taq-i Kisra

The Tāq-i Kisrā (Persian طاق كسرى , meaning Iwan of Khosrau) is a Per

Ҳама ҷойҳои наздикро бубинед

Чунин ҷойҳои тамошобоб

Ҳамаашро бинед Ҳамаашро бинед
Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Machu Picchu

Machu Picchu (Quechua: Machu Pikchu, 'Old Peak', pronounced ]) is a

Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Акропол

Акропол (Akropolis; аз юнонӣ akros – боло ва polis – шаҳр) — ӯрда

Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Old Town, Al-'Ula

The Old Town is an archaeological site near Al-'Ula, Medina Province,

Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Тахти Ҷамшед

Ҷойдар харита Тахти Ҷамше

Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Temple of Poseidon, Sounion

The ancient Greek temple of Poseidon at Cape Sounion, built during

Ҳамаи ҷойҳои монандро бубинед