Боғҳои муаллақи Бобил

Боғҳои муаллақи Бобил — тамошогоҳ, ҷойи истироҳат ва боғи сердолу дарахти асри 6 то мелод дар Бобил, яке аз Ҳафт муъҷизаи олам.

Инчунин нигаред

Таърих

Тибқи маълумоти муаррихон бар асари ҷанги байни модҳою бобилиҳо (214 то м.) ш. Ошуро хароб мешавад ва дар ин харобазор шоҳи Бобилистон Набопаласар ва шоҳи Мод Киаксар созиши ҳарбӣ мебанданд. Бо мақсади мустаҳкам гардондани ин паймон писари Набопаласар — шоҳзода Навуходоносор бо духтари Киаксар — Амиитис (ба забони модӣ Амухеан) ба ақди никоҳ даромад. Шоҳдухтар ба Бобил омад, вале баъди чанде дар фироқи зодгоҳ — ҷангалзори анбӯҳ ва кӯҳҳои сарсабзи Мод ғамгин гашт, зеро дар биёбони сӯзони Бобил умуман сабзазор вуҷуд надошт. Шоҳзода Навуходоносор баъдан ба тахти подшоҳӣ нишаст ва навсозии Бобил оғоз ёфт. Тавре муаррихи а. 3 то м. Бэлрушу (Бурос) навиштааст, шоҳ амр кард теппае аз санг барпо кунанд, ки шаклан ба кӯҳ шабеҳ бошад. Пас аз он теппаро аз анвои дарахтон пур кард ва ба истилоҳ «боғи муаллақ» падидор гашт ва орзӯи бонуяш амалӣ шуд. Муаррих Диодор менависад, ки «боғҳои муаллақ» майдони 15 ҳазор метри мураббаъро фаро мегирад. Мувофиқи маълумоти бостоншиноси олмонӣ Роберт Колдевей, сохти боғ чунин ба тартиб омадааст: боғҳо болои зинаайвонҳои бузург ба вуҷуд оварда шуда, деворҳои баланд ва аз пешрӯ айвонҳои сутундор асоси онро ташкил додаанд, ки ҳар яке 27 м баландӣ дошт. Айвонҳо аз боло бо тахтасангҳои бузург пӯшида шуда, рӯяшонро як қабат найшакари омехта бо қир паноҳ мекард. Бар болои он ду қатор хишти пухтаи гачдор ва барои нагузаштани намию об аз болои он як табақа тахтасурб зич гузошта шуда, болои он хоки замини ҳосилхез (ба андозае, ки дар ин хок дарахтони бузург реша давонда тавонанд) рехта шудааст. Девору айвонҳоро бо ҳар навъ рустаниҳову харсангҳои бузург тавре паноҳ додаанд, ки бинанда ҳаргиз онро зинабоғи сунъӣ тасаввур намекард. Дар поёни боғ ҳавзи маснӯе ҷойгир буд, ки дар он кӯҳҳо ва боғҳои сарсабз оинасон аксандозӣ менамуданд. Дар зинаи охири боғ болои кӯҳе ҳавзи дигари маснӯъ қарор дошт, ки барои обёрии боғ, инчунин тариқи ҷӯйчаҳои зебо барои зебу зинати боғ истифода мешуд. Обро ба ин баландӣ ба воситаи механизми обрасонии дастӣ ғуломон мебароварданд. Шабона дар боғ ҳазорон шамъ меафрӯхтанд. Дар Боғҳои муаллақи Бобил ғорҳои бисёри ба чашм намоён сохта буданд, ки дар онҳо ғуломон дар даст бодбезакҳои бузург шабу рӯз бод мекарданд, аз ин рӯ, дар ҳавои тафсони Бобил ин боғ ҳамеша салқин буд. Соли 539 то м. баъди Бобилро тасарруф намудани шоҳи Ҳахоманишиён Куруши IIҳашамати ин боғ рӯ ба таназзул мениҳад. Пас аз 200 сол (с. 333 то м.) Искандари Мақдунӣ Бобилро забт мекунад ва зинати Боғҳои муаллақи Бобил боз коста мешавад. Охирин зарбаи нестиро ба Бобил портҳо мерасонанд. Соли 126 то м. онҳо Бобилро оташ мезананд.

Дар категорияҳои зерин номбар карда шудааст:
Назари худро бинависед
Маслиҳатҳо ва маслиҳатҳо
Ҳанӯз маслиҳат ва маслиҳат барои Боғҳои муаллақи Бобил дастрас нестанд. Шояд шумо аввалин нафаре бошед, ки маълумоти муфидро барои ҳамсафарони худ нашр кунед? :)
Wabel tubal

сар кардан $67

Sigma House Al Jawhara

сар кардан $80

Copthorne Al Jahra Hotel & Resort

сар кардан $154

Sigma House - Al Dahiya

сар кардан $53

Raoum Inn Arar

сар кардан $48

Marina arar

сар кардан $42

Манзараҳои тавсияшаванда дар наздикии он

Ҳамаашро бинед Ҳамаашро бинед
Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Etemenanki

Etemenanki (Sumerian: Шаблон:Cuneiform Шаблон:Transl 'temple of

Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Borsippa

Borsippa (modern Birs Nimrud site, Iraq) was an important ancient city

Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Imam Husayn Shrine

The Shrine of Husayn ibn ‘Alī (Arabic: مقام الامام الحسين‎) is

Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Ishtar Gate

The Ishtar Gate (Assyrian: ܕܵܪܘܲܐܙܲܐ ܕܥܵܐܫܬܲܪ translit: Darwaz

Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Taq-i Kisra

The Tāq-i Kisrā (Persian طاق كسرى , meaning Iwan of Khosrau) is a Per

Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Great Mosque of Kufa

The Great Mosque of Kufa, or Masjid al-Kūfa (Arabic: مسجد الكو

Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Al-Faw Palace

The Al Faw Palace (also known as the Water Palace) is located in

Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Republican Palace

The Republican Palace (Arabic: القصر الجمهوري al-Qaṣr al-Ǧumhūriy) i

Чунин ҷойҳои тамошобоб

Ҳамаашро бинед Ҳамаашро бинед
Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Machu Picchu

Machu Picchu (Quechua: Machu Pikchu, 'Old Peak', pronounced ]) is a

Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Акропол

Акропол (Akropolis; аз юнонӣ akros – боло ва polis – шаҳр) — ӯрда

Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Old Town, Al-'Ula

The Old Town is an archaeological site near Al-'Ula, Medina Province,

Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Тахти Ҷамшед

Ҷойдар харита Тахти Ҷамше

Илова ба рӯйхати хоҳишҳо
Ман дар ин ҷо будам
Ташриф овард
Temple of Poseidon, Sounion

The ancient Greek temple of Poseidon at Cape Sounion, built during

Ҳамаи ҷойҳои монандро бубинед